Портали бақайдгирии тӯйҳои домодиву арусӣ ва маросими азодорӣ
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии бақайдгирии ҷашн ва маросимро ба таврӣ онлайн ба роҳ мондааст. Ин ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки пеш аз баргузории ҷашн ва ё маросим ба МИҲД-и шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ташриф наоварда маъракаи худро ба қайд гиранд. Раванди бақайдгирии тӯйҳои домодиву арусӣ ва маросими азодорӣ пурра ройгон мебошад.
Талабот барои баргузории тӯйҳои домодиву арусӣ ва маросими азодорӣ
- Баргузории танҳо як маърака бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб;
- Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, муборакбодӣ манъ аст;
- Маросими домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешавад;
- Гусели арӯсу домод бо истифодаи на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав гузаронида мешавад.
- Баргузории маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон;
- Маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд;
- Ташкили маросимҳои оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ манъ аст.
- Баргузории тӯю маъракаҳо:
- дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳат аз соати 8 то 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 дар доираи то 3 соат;
- дар шаҳраку деҳот дар рӯзҳои истироҳат аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22.